Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ ва сохтмони иншооти муҳими ҷашнӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид Раиси вилоят аз рафти сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бинои Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд, муассисаи таълимӣ ва як қатор дигар иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳо тибқи нақша идома дошта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор додани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати суръатбахшии корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат, риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва ободу зебо намудани атрофи иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бунёди иншооти нав ба беҳтар гардидани шароити кору хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам зебо гардидани симои шаҳри Хуҷанд мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




