РАҶАБ АҲМАДЗОДА: ҲИФЗИ СОҲИЛИ СИРДАРЁ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Бо мақсади таъмини ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории тозагии соҳили дарёи Сир гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз соҳили дарё дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

Зимни боздид вазъи экологии соҳил, истифодаи заминҳои наздисоҳилӣ ва риояи талаботи қонунгузории экологӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар баъзе мавзеъҳо ҷамъшавии партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ, инчунин ҳолатҳои худсарона тағйир додани шакли табиии соҳил тавассути рехтани хок ва ташкили заминҳои сунъӣ ба назар мерасад.
Таъкид гардид, ки рехтани хок ва дигар маводи сохтмонӣ ба соҳил ва маҷрои дарё ба ҳолати экологии минтақа таъсири манфӣ расонида, боиси ифлосшавии муҳит мегардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо вазъи мавҷуда изҳор дошт, ки дарёи Сир аз сарватҳои табиии вилоят буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохтори масъул мебошад. Ба гуфтаи роҳбари вилоят соҳили тозаву обод барои рушди сайёҳӣ, фароҳамсозии муҳити мусоиди истироҳат ва ҷалби меҳмонони дохиливу хориҷӣ аҳамияти калон доранд.
Дар ҷараёни боздид ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи муҳити зист ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати тоза намудани соҳил аз партовҳо, бартараф кардани ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи заминҳои наздисоҳилӣ ва барқарор намудани ҳолати табиии минтақа чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва соҳибкорон тақвият ёфта, назорат аз болои истифодаи ҳудудҳои наздисоҳилӣ пурзӯр карда шавад. Зикр гардид, ки нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ифлосшавии муҳити зист ва вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ роҳ медиҳанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Дар анҷом роҳбари вилоят таъкид намуд, ки ҳифзи соҳили дарёи Сир ва нигоҳдории тозагии он бояд ба кори ҳамарӯзаи ҳамаи сохторҳои марбута табдил ёбад. Зеро муҳити тоза ва захираҳои солими табиӣ омили муҳими беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти осоишгоҳи «Марҳабо» шинос гардид.
Зимни боздид таъкид карда шуд, ки осоишгоҳи мазкур намунаи хуби истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои наздисоҳилӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Раиси вилоят иброз дошт, ки соҳили дарё бояд пеш аз ҳама барои бунёди иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои солимгардонӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ истифода шаванд. Зеро чунин иншоотҳо дар баробари беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва меҳмонон, барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоя низ мусоидат менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд