Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Ашт шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти корҳои кишоварзӣ, кирмакпарварӣ ва таъминоти оби полезӣ шинос гардид.

Зимни сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти Замира Ҳамроқулова, сокини Ҷамоати деҳоти Меҳробод шинос шуда, саҳми ӯро дар рушди соҳаи пиллапарварӣ баланд арзёбӣ кард. Оилаи Ҳамроқуловҳо солҳои зиёд инҷониб ба кирмакпарварӣ машғул буда, дар истеҳсоли пилла натиҷаҳои назаррас ба даст меорад. Ба хотири қадршиносии меҳнати софдилона ба онҳо туҳфаҳои моливу пулӣ супорида шуд.
Тибқи маълумоти масъулин соли равон дар ноҳияи Ашт 750 қуттии кирмак байни кирмакпарварон тақсим гардида, ҷамъоварии беш аз 22 тонна пилла дар назар аст. То имрӯз наздик ба 6 тонна пилла ҷамъоварӣ гардидааст, ки қариб 25 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят ҳамчунин аз иншооти обрасонӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳия боздид намуда, таъкид кард, ки фаъолияти босамари онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти калидӣ дорад. Масъулин иттилоъ доданд, ки тамоми пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт ба мавсим омода гардида, имсол дар самти таъминоти оби полезӣ мушкилӣ ба назар намерасад. Барои фаъолияти намунавӣ кормандони соҳа бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар деҳоти Ошоба роҳбари вилоят бо нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос гардида, истифодаи усулҳои муосири кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, кишти пахта зери плёнка ҳамчун таҷрибаи пешрафта ба деҳқонон манфиати бештар оварда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад. Таъкид шуд, ки истифодаи тухмиҳои серҳосил, риояи муҳлати кишт ва татбиқи тавсияҳои олимону мутахассисон бояд дар меҳвари фаъолияти кишоварзон қарор гирад.
Дар идомаи сафар дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Рахшона" машварати корӣ баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои истифодаи самараноки обу замин, иҷрои структураи кишт, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, рушди моҳипарварӣ, зиёд намудани майдони шолӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда метавонад дастовардҳои соҳаро боз ҳам афзун намояд. Ҳамчунин ба масъулини ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва омодагии шоиста ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд