Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ "Саноати Ашт"

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт тадбирҳои муҳим барои рушди истеҳсолот ва коркарди ашёи хом амалӣ гардида истодааст.

Рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои дуру наздик густариш ёбад.
Дар ҳамин замина, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Саноати Ашт" хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардидаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти муосир иқтидори коркарди пахта дар корхона ду баробар зиёд хоҳад шуд.
14 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи мазкур шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона бо истифода аз технологияҳои замонавӣ аз пахта ришта истеҳсол шуда, маҳсулоти тайёр ба бозорҳои хориҷӣ содирот мегардад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини корхона аз аҳамияти рушди соҳаи саноат, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, дарёфти бозорҳои нави фурӯш ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки насбу васли дастгоҳу таҷҳизоти нав барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва баланд гардидани сифати маҳсулот мусоидат мекунад.
Имрӯзҳо дар вилояти Суғд ба коркарди пурраи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин иқдоми муҳим имкон медиҳад, ки арзиши иловашудаи маҳсулот афзуда, ба иқтисоди миллӣ манфиати бештар расонида шавад. Ҳамзамон, рушди коркарди ниҳоии пахта барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Масъулини "Саноати Ашт" бо татбиқи нақшаҳои созанда дар амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Бунёди корхонаи истеҳсоли матоъ ҳамчун марҳилаи навбатии рушди истеҳсолот ва қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи давлат арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, дар деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Саидмурод Давлатов коргоҳи коркарди мева бунёд шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон роҳбари вилоят аз дастгириҳои давлат дар самти рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ёдовар гардида, бунёди чунин коргоҳро барои рушди иқтисоди маҳаллӣ муҳим арзёбӣ намуд. Интизор меравад, ки коргоҳи нав дар оянда барои коркард ва бастубанди меваҳои шаҳдбори ноҳияи Ашт мусоидат намуда, ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина гузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд