8 майи соли 2026 дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, маросими гулгузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид.
Дар маросим Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони аҳли зиё, ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок намуданд.
Иштирокдорон бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи неки шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.
Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Соли равон бо иқдоми Пешвои миллат барои қадршиносии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар як иштирокчии ҷанг 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағ ба онҳо дастрас карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар кадоме 25 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд. Ба шахсоне, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ фаъолият намудаанд, ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд.
Дар вилояти Суғд 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 39 нафар шахсони дар ақибгоҳ хизматкарда зиндагӣ мекунанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




