Дидорбинӣ бо собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Файзулло Сайдаҳмадов ва Абдусаттор Раҷабов хабар гирифт.

Зимни суҳбат роҳбари вилоят аз хизматҳои шоистаи онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ёдовар шуда, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро орзу намуд.
Ҳамчунин иштирокчии барқарорсозии сохти конститутсионӣ Фозил Фозилов низ таҳти таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар ин рӯз фарзанди ӯ Шамсиддин Фозилов пас аз адои сарбаландонаи хизмати ҳарбӣ ба назди пайвандон баргашт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Фозил Фозилов барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ изҳори сипос карда, изҳор дошт, ки хизмати содиқона ба Ватан мояи ифтихор мебошад.
Ба оилаҳо аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд