
Масъулони ҶДММ «ММК Агро» тасмим доранд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати гармхонаи замонавиро зиёд намоянд.
Гармхонаҳои ҶДММ «ММК Агро» аз ҷумлаи гармхонаҳои муосир ба шумор мераванд.
Зимни муаррифии лоиҳаи гармхонаи нави инноватсионӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки гармхона бо технологияҳои ҳозиразамон ва бо усул ҳолландӣ бунёд гардида, масоҳати он беш аз 6 гектар мебошад. Таҷҳизоти муосир, системаи идоракунии технологӣ ва усулҳои пешрафтаи парвариши зироат ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, маҳсулоти ин гармхона дар баробари таъмини бозори дохилӣ барои содирот низ равона карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иқдоми соҳибкоронро хуш истиқбол намуда, бунёди чунин гармхонаҳои муосирро талаботи замон арзёбӣ намуд.
Айни замон дар гармхонаҳои мавҷудаи ҶДММ «ММК Агро» навъҳои гуногуни помидор парвариш ёфта, масъулон ният доранд дар рӯзҳои наздик ҳосили пухтарасидаро ҷамъоварӣ ва ба бозор пешниҳод намоянд. Бунёди ҳарчи бештари гармхонаҳо ва фаъолияти самараноки онҳо барои фаровонӣ ва арзонии маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фаслҳои сол мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд 531 гармхона мавҷуд буда, дар онҳо помидор, бодиринг, кабудӣ ва лимӯ парвариш карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сипас аз сардхонаи Боғи миллии «Ваҳдат», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар муассиса ду сардхона бо ғунҷоиши умумии 1500 метри мукааб фаъолият дорад. Дар ин сардхонаҳо навъҳои гуногуни себ, анор, биҳӣ ва картошка захира карда шудааст. Тавре масъулон хабар доданд, шумораи умумии сардхонаҳо дар вилояти Суғд 44 адад буда, иқтидори нигаҳдории онҳо зиёда аз 18 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро дар бар мегирад.
Айни ҳол, бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сардхонаҳои вилоят номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини бозори дохилӣ захира шудааст.
Раиси вилояти Суғд пас аз шиносоӣ ба масъулони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати захира кардани маҳсулот ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




