Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки масъулини соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ, институтҳои лоиҳакашӣ, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, идораи замин ва дигар шахсони масъул машварати корӣ баргузор гардид

Дар оғоз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар баробари беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ фароҳам ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзун мегардад. 

Зимни ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулин ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ, истифодаи санъати миллии меъморӣ ҳангоми бунёди иншооти ҷашнӣ, эҳёи маҳаллаҳои таърихӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷалб карда шуд. 

Таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 12 ҳазору 66 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт ва то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар сохта ба истифода дода мешавад. Дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон ҳам дар амалӣ шудани нақшаҳои неки созандагӣ саҳм мегузоранд. 

Бунёди иншооти ҷашнӣ дар баробари ҳусни хоса зам намудан ба симои шаҳру ноҳияҳо имкон фароҳам меорад, ки ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шаванд ва шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад. 

Дар машварати корӣ Раиси вилояти Суғд ба муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ки сарпарасти соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ мебошанд, супориш дод, ки минбаъд лоиҳаҳо дар самти бунёди иншооти гуногун дар асоси нақшаи генералӣ амалӣ шаванд. Муҳим дониста шуд, ки дар маҷмааҳои баландошёна мактабу кӯдакистон, дармонгоҳ, таваққуфгоҳ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори муҳим ба назар гирифа шавад. 

Дастур дода шуд, ки бо мақсади рафъи муаммоҳо дар самти хатти ташноб бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳо амалӣ карда шаванд. 

Дар машварати корӣ ба масъалаи бунёди бинои нави муассисаҳои таълимии садамавӣ, муассисаҳои томактабӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ҳам таваҷҷуҳ равона гардид. Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин самт бо мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон нақшаҳои некро амалӣ менамояд. 

Тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, бунёди иншооти наву замонавӣ бо ҳадафи рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи имконоти мавҷуда барои рушди тамоми самту соҳаҳо муҳим дониста шуд ва дар ин самт шахсони масъул вазифадор карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд