
6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт гардидааст. Зеро дар ин рўз нахустин маротиба дар таърихи давлатдориамон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон аз қабули ин санади муҳим 31 сол сипарӣ мешавад.
Бахшида ба 31 - умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок дар ҷамъомад Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони ватандўст ва сарбаланди вилоят табрику таҳният гуфт. Таъкид карда шуд, ки мардуми кишвари соҳибистиқлоламон 31 сол муқаддам таҳти сарварии хирадмандона ва роҳнамоиҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян намуданд.
Туфайли ин санади муқаддас халқи Тоҷикистон худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пуштибони соҳибихтиёрии давлати худ, эҳтиромгузори ҳуқуқу озодиҳои шахс ва истиқлоли давлатҳои ҷаҳон, таҳкимбахши дўстии тамоми халқияту миллатҳо ва бунёдгари ҷомеаи адолатпарвар эълон доштанд.
Бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи тоҷик аз нахустин рўзҳои истиқлоли давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, ба хотири ободии Ватан корҳои бузурги созандагӣ ва ободониро амалӣ намуданд.
Натиҷаи ғамхорӣ нисбат ба халқу миллат, дилсўзӣ барои ободонии Ватан ва заҳмату талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки кишвари азизамон тайи солҳои охир соҳиби дастовардҳои бузург гардида, дар арсаи байналхалқӣ мавқеи устувори худро пайдо намуд ва сатҳи зиндагии мардум рўз аз рўз беҳтару хубтар, симои кишвари азизамон боз ҳам зебову дилработар мегардад.
Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки арзишу меъёрҳои Конститутсияро эҳтиром намоем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.
Таҳия ва қабули Конститутсияе, ки воқеан ҳам ба таври куллӣ ифодакунанда ва ҳимоятгари манфиатҳои шаҳрвандон, тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик танҳо пас аз расидан ба истиқлоли давлатӣ муяссар гардид. Ин санади сарнавиштсоз барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Аз ин лиҳоз, арзиши баланди ин ҳуҷҷат, пеш аз ҳама дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллии он зоҳир мешавад.
Қабул шудани Конститутсия дар саҳифаҳои давлатдории навини миллӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллат, эҳёи давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун, исботи интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тантанаи адолат, татбиқи муваффақонаи андешаи созандаи миллӣ ва шаҳодати саодатмандии халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Боиси таъкид аст, ки бо назардошти рушду тараққиёти ҷомеа ва зарурати такмил додани меъёрҳои Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳои муҳимму зарурӣ ворид карда шуданд. Ин амал ба густариши минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеаи кишвари азизамон ва кафолати риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи ҳуқуқиро бештар таҳким бахшид.
Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он мардуми кишварро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кард.
Ба шарофати арзишҳои асосии конститутсионӣ миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон шинохтаву эътироф гардид, ки ин нукта баёнгари аҳамияти байналмилалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар охир барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




