
23 октябр дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маркази хизматрасонии нав бо номи “Зарафшон” ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкор Зафар Авулов дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Пас аз ифтитоҳи марказ Раиси вилоят аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим намуда, таъкид дошт, ки давлату Ҳукумат ҳамеша ятимону ниёзмандонро таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор медиҳад. Гуфта шуд, ки бо дастгирии мақомоти давлатӣ барои таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо мунтазам шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.
Зимни суҳбат бо сокинони шаҳрак Раиси вилоят аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди шаҳрак саҳм гузоранд ва дар татбиқи нақшаҳои созанда ташаббускор бошанд.
Дар доираи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин аз ҳоли собиқадорони меҳнат Шодибой Мавлонов ва Одинаой Ҳоҷимуродова хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




