Боздид аз пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод

Ба мавсими нави обрасонӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон зери таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.

Дар ноҳияи Зафаробод аз ҳоло таъмири пойгоҳҳои обкашӣ оғоз гардида, барои иваз намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ, беҳтар намудани шароити корӣ ва омодагӣ ба киштукори баҳорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкашии «Мирзочул-1» ва «Мирзочул-2» шинос шуд. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки заминҳои ноҳияи Зафаробод асосан тавассути ҳамин пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд ва нақши иншооти обрасон дар рушди соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим мебошад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамасола барои харидории таҷҳизоти нави обкашӣ, таъмир ва омодасозии иншооти обрасонӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд. 

Раиси вилоят ба масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва роҳбарияти ноҳияи Зафаробод супориш дод, ки барои таъмиру тоза намудани канал ва омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Захираи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, таҷҳизоту дастгоҳҳои эҳтиётӣ, инчунин оинабандии иншооти муҳими соҳа аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардида, шахсони масъул барои иҷрои саривақтии корҳо вазифадор карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд