Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Зафаробод

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод бо раванди ҷамъоварии ҳосили пахта шинос шуд.

Ноҳияи Зафаробод аз ҷумлаи калонтарин минтақаҳои пахтакори вилояти Суғд ба шумор рафта, дар он ҷамъоварии пахта бо истифодаи техникаҳои муосир, кумаки ҳашарчиён ва саҳмдорони хоҷагиҳо идома дорад.

Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Сардор» бо ҷараёни ғунучини пахта аз наздик ошно гардид. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар баробари саҳмдорон сокинони касбу кори гуногун низ барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардидани ҳосил саҳм мегузоранд.

Зимни суҳбат бо роҳбарону масъулини соҳаи кишоварзӣ Раиси вилоят барои беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ёдовар шуд.

Ба чинакчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои меҳнати содиқонаашон изҳори сипос карда шуд.

Ба иттилои масъулин, дар ноҳияи Зафаробод 6 адад техникаи пахтачин фаъолият дошта, танҳо бо истифода аз онҳо аз аввали мавсим то имрӯз беш аз 1140 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳамзамон беш аз 800 нафар ёрдамчиён аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон ва Айнӣ дар корҳои саҳроӣ иштирок доранд, ки саҳми онҳо дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ назаррас мебошад.

Гуфта мешавад, ки хоҷагиҳое, ки дар мавсими имсола усулҳои нави кишту парвариши пахтаро истифода намудаанд, аллакай ба иҷрои нақшаи пахтасупорӣ муваффақ гардидаанд.

Сипас, дар ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат таъкид гардид, ки мувофиқи нақша соли ҷорӣ дар ноҳия бояд 32 ҳазору 445 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То ба имрӯз бошад, 18 ҳазору 795,3 тонна пахта, яъне қариб 58 фоизи нақша ҷамъоварӣ гардидааст.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи пахтакорӣ таҷрибаҳои пешрафта ҷорӣ гардидаанд. Натиҷаи чунин ташаббусҳост, ки имсол ҳосили пахта фаровон аст. Масъулинро зарур аст, ҳосилро пурраву беталаф ҷамъоварӣ карда, нақшаи истеҳсолиро иҷро намоянд. 

Дар машварат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ободониву созандагӣ, сохтмони кӯдакистонҳо ва мактабҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилоят аз соҳибкорону сокинон даъват намуд, ки дар татбиқи нақшаҳои созанда ва бунёди иншооти иҷтимоӣ дар деҳот саҳми худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд