
Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар майдони 10 ҳазору 128 гектар замин кишти пахта анҷом дода, ният доранд, ки беш аз 30 ҳазор тонна “тиллои сафед” истеҳсол намоянд.
Нақшаи истеҳсоли пахта барои соли ҷорӣ 27 ҳазору 391 тонна муайян гардида, то санаи 23 октябри соли 2025 дар ноҳия 21 ҳазору 873,4 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 79,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзон Раиси вилоят таъкид кард, ки пахта ашёи муҳим барои соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи он ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъсири мусбат мерасонад. Таъкид гардид, ки ҳамарӯза беш аз 14 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён дар саҳро ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.
Раиси вилоят ба чанде аз чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, изҳори боварӣ кард, ки деҳқонони заҳматдӯсти ноҳия бо масъулияти баланд нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.
Бояд қайд кард, ки пахтаи ҷамъоваришуда сари вақт ба корхонаҳои коркард интиқол меёбад, ки ин аз ҳамкории судманди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои саноатӣ шаҳодат медиҳад.
Яке аз чунин корхонаҳо — ҶДММ “Музаффар Компания” аст, ки аз калонтарин корхонаҳои пахтатозакунӣ дар ноҳия ба шумор меравад. Корхона имсол нақша дорад 6 ҳазор тонна пахта қабул намояд. То имрӯз дар ин корхона 4,5 ҳазор тонна пахта қабул ва мавриди коркард қарор гирифтааст.
Раиси вилоят бо фаъолияти ин корхона аз наздик шинос шуда, барои коркарди пахта тавсияҳо дод.
Дар доираи сафар Раиси вилоят инчунин аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




