Омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома доранд. 

22 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид. Нахуст, роҳбари вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён корҳои сохтмонии кӯдакистони нав барои 240 кӯдакро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Фармоишгари ин иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Меҳрон” мебошад. Айни ҳол ба корҳои сохтмонӣ тақрибан 30 нафар устоҳои маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Ҷамоати шаҳраки Суғдиён зиёда аз 4 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва аз шаҳракҳои навбунёд ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон ва иншооти иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон кӯдакони шаҳрак дар шароити мусоид ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят аз корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 дар Ҷамоати деҳоти Палдорак дидан намуд. Иншооти мазкур, ки дорои 8 синфхона аст, бо саҳми сокинону соҳибкорони ватанпарвар бунёд гардида истодааст.

Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо ташаббуси сокинон ва бо роҳи ҳашар бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак идома дорад. Лоиҳаи иншоот ба таври замонавӣ таҳия шуда, пас аз ба истифода додан шароити мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакон фароҳам хоҳад омад.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамсозии шароити арзанда ба сокинон тадбирҳои судманд меандешад. Саҳми соҳибкорон ва сокинони ватандӯст низ дар пешбурди корҳои бунёдкорӣ назаррас мебошад.

Дар идома, роҳбари вилоят бо сохтмони бинои чорошёнаи беморхонаи марказии ноҳия низ ошно шуд. Иншоот бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, дар таҳхонаи он ташхисгоҳҳо ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мегарданд. Бинои нав барои 285 кат пешбинӣ гардида, дорои шароити замонавӣ хоҳад шуд. 

Ҳамзамон Раиси вилоят бо раванди корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсоли сангу шағал, бетон, симчӯб ва плитаҳои бетонӣ дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор шинос гардид. Корхона бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.

Дар деҳоти Оббурдон бошад, сохтмони обанбори нав идома дорад, ки бо татбиқи он таъминоти аҳолӣ ва заминҳои кишоварзӣ бо об беҳтар хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ вусъат ёфта, сокинон ва масъулин ният доранд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии заминҳои Дилварзинро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд