Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Исфара

21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо фаъолон, роҳбарони сохторҳо ва намояндагони бахшҳои гуногун ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ҷаласа таъкид намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Исфара бо маром идома доранд. Ҳадаф аз ин иқдомҳо сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Гуфта шуд, ки дар шаҳру деҳоти Исфара иншооти таъиноташ гуногун бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Зимни таҳлили ҷараёни корҳои ободонӣ Раиси вилоят таваҷҷуҳи фаъолон, соҳибкорон ва роҳбарони мақомоти маҳалливу корхонаҳои саноатиро ба истифодаи пурраи зарфиятҳои мавҷуда дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин ҷалби сармоя, риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ ва рушди инфрасохтор ҷалб намуд.

Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Исфара дар се даҳсолаи охир ба таври назаррас рушд ёфта, барои зиндагии шоистаи мардум шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. 

Роҳбарияти шаҳр ва масъулинро зарур аст, ки барои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Раиси вилоят дастур дод, ки бо саҳми соҳибкорон корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол, коркарди мева ва хатҳои нави басту банд таъсис дода шаванд. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ташкили фермаҳои чорво ва парранда, инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки татбиқи пайгиронаи чунин ҳадафҳо на танҳо ба ободии бештари шаҳри Исфара, балки ба рушди устувори иқтисодиёти вилоят ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷаласа ба масъалаи бунёд ва барқарорсозии инфрасохтори муҳими шаҳраки Шӯроб низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Бо итминон таъкид шуд, ки бо татбиқи нақшаҳои гузошташуда шароити кору зиндагии сокинони шаҳраки ангиштканон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Ба ин мақсад, соҳибкорон ва масъулони сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои иҷрои босифати корҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамзамон дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, ҷиҳати пешгирии бегонапарастӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас, вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар деҳоти дурдаст ва ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва дигар шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд