
21 октябр дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозӣ ва ободонӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» шинос гардид.
ҶСК «Ангишт» аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ангишт дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шарикони рушд корҳои васеи таҷдиду азнавсозии хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти мавҷудаи худро ба роҳ мондааст.
Бино ба иттилои масъулин, то имрӯз дар доираи корҳои таҷдид беш аз 22 миллион доллари ИМА сарф гардида, 300 нафар коргарони маҳаллӣ ва 200 нафар мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар лоиҳа ҷалб шудаанд. Дар баробари сохтмони бинову иншооти маъмурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва маркази идоракунии электронӣ, корҳои сохтмонӣ дар кӯли сунъӣ барои оби техникӣ бо ғунҷоиши 230 ҳазор метри мукааб, ҳавзҳои оби нӯшокиву техникӣ, кашидани хатти интернетӣ ва зеристгоҳи барқии баландшиддат идома доранд. Ҳамзамон хобгоҳи нав барои 700 нафар коргарон бунёд шуда истодааст.
Раиси вилояти Суғд зимни боздид аз иншоот аз масъулин ва пудратчиён талаб намуд, ки ба сифати корҳои сохтмониву навсозӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зикр гардид, ки бо анҷоми пурраи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ҶСК «Ангишт»-и шаҳри Исфара то 1,5 миллион тонна дар сол расонида шуда, шумораи кормандон зиёд мегардад. Бо беҳтар гардидани шароити корӣ ва баланд шудани музди маоши коргарон, шаҳраки Шӯроб боз ҳам обод гардида, иқтисодиёти Исфара рушд хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни сафари корӣ Раиси вилояти Суғд ҳамчунин бо корҳои навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳраки Шӯроб шинос шуд. Ин муассиса бо саҳми соҳибкори ватандӯст Раҳимҷон Азимов, ки худ хатмкардаи ҳамин мактаб аст, пурра навсозӣ гардида, ба истифода дода мешавад. Мактаб аз ду ошёна, 15 синфхона, чор кабинети фаннӣ, се лаборатория, ошхона, китобхона, маркази омӯзиши ҳунар барои духтарону писарон, маркази инкишофи кӯдак ва майдончаҳои варзишӣ иборат буда, барои 800 хонанда пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ин иқдомро нишонаи равшани сиёсати маорифпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуд.
Дар шаҳраки Шӯроб толори варзишӣ низ сохта шуда истодааст, ки корҳои сохтмонии он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бунёди чунин иншоот имконият медиҳад, то наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб шаванд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон дар шаҳраки Шӯроб боғи фарҳангӣ-фароғатӣ низ бунёд гардида истодааст. Тибқи нақша, дар ин мавзеъ гулгаштҳо, майдончаи кӯдакона, нуқтаҳои савдо, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ ҷой дода мешаванд.
Раиси вилояти Суғд иқдоми ватандӯстонаи соҳибкоронро арзанда ва намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки саҳми соҳибкорон дар татбиқи сиёсати давлат оид ба ободонии шаҳру деҳот басо муҳим мебошад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳраки Шӯроб корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд ва бо талоши давлат, Ҳукумат ва саҳми фаъолонаи соҳибкорони ватандӯст шуҳрати пешинаи ин мавзеъ дубора эҳё мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




