
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии чанд нафар собиқадорони меҳнат рафт.
Зимни дидорбинӣ бо сокини шаҳраки Шӯроб Екатерина Шабловская, роҳбари вилоят аз фаъолияти пурмаҳсули ӯ дар тӯли солҳои зиёд ёдовар шуда, саҳми чунин шахсиятҳоро дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас арзёбӣ кард. Екатерина Шабловская 73 сола буда, солҳои зиёд дар литсейи касбӣ-техникӣ ва сипас дар низоми бонкии шаҳри Исфара фаъолият намудааст.
Ҳамчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Мавҷуда Назирова хабар гирифт. Мавҷуда Назирова соли 1960 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, аз соли 1983 то соли 2010 дар соҳаи маориф фаъолият намуда, сипас аз соли 2010 то соли 2018 вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро ба уҳда дошт. Ӯ соҳиби се фарзанд буда, фарзандонаш имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Мавҷуда Назирова саломатии бардавом, умри дароз ва рӯзгори босаодат орзу намуд.
Ба собиқадорони меҳнат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




