
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти ҷамъоварии пахта, қабулу коркарди он аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта, инчунин сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи “Юсуф Саркор” шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома ба имзо расонида, онҳоро дар давраи кишту парвариши пахта ҳамаҷиҳата дастгирӣ намудааст. Айни замон коркарди аввалияи пахта бо истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти муосир оғоз ҷараё дошта, иқтидори истеҳсолии коргоҳ имкон медиҳад, ки пахта сари вақт қабулу коркард шавад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо коргарон таъкид намуд, ки пахта ашёи хоми муҳими саноатӣ буда, қабулу коркарди он бояд сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ гардад. ФБа як қатор кормандони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, заҳмати софдилонаи онҳо қадрдонӣ гардид.
Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни пахтачинӣ дар бригадаи №4-и кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов шинос шуд. Дар ин бригада беш аз 100 нафар чинакчиён фаъолият дошта, ҳар яки онҳо рӯзона аз 100 то 120 килограмм пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Нақшаи солонаи бригада 213 тонна буда, то имрӯз 110 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, кооперативи тиҷоратӣ бояд 1893 тонна пахта ҷамъоварӣ намояд.
Соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 ҳазору 254 тонна пешбинӣ гардида, то санаи 7 октябр ба хирман 9748,7 тонна пахта супорида шудааст, ки 53,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти ҶДММ "Хишти ором", коргоҳи истеҳсоли газоблок, сохтмони қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов ва кӯдакистони нав дар шаҳраки Ғафуров шинос шуда, барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




