
9 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварати корӣ масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони идораҳои замин, омор, раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз масъулон талаб намуд, ки бо истифодаи пурсамар аз захираҳои мавҷуда, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардондани бозор бо маҳсулоти тару тоза чораҳои иловагӣ андешанд.
Раҷаб Аҳмадзода инчунин таъкид кард, ки назорат ва ҳамоҳангсозии корҳои кишоварзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бояд тақвият ёбад, то нақшаҳои пешбинишуда сари вақт ва босифат амалӣ гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




