Оғози мумфаршкунии роҳи шаҳраки Дилшод дар шаҳри Истаравшан

16 июл дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгарди шаҳраки Дилшод ҳусни оғоз бахшида шуд.

Масофаи умумии роҳи мумфаршшаванда 3 километрро ташкил дода, паҳноии он 6 метр мебошад. Амалӣ гардидани чунин иқдом ба беҳтар шудани вазъ роҳ ва осон гардидани рафтуомади сокинон мусоидат хоҳад кард.

Зикр гардид, ки дар татбиқи ин кори созанда саҳми сокинон назаррас мебошад. Онҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди роҳ саҳм мегузоранд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дошта, саҳми сокинони ватандӯст дар ободонии маҳал назаррас мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд