Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадори хизмати давлатӣ Исрофил Бобомаликов рафта, бо ӯ сӯҳбати самимӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот роҳбари вилоят аз саҳми арзандаи собиқадори меҳнат дар рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии вилоят ва ободии сарзамини аҷдодӣ ёдовар шуд.
Раиси вилоят зикр намуд, ки собиқадорони хизмати давлатӣ ва меҳнаткашоне, ки солҳои тӯлонӣ бо садоқат ба халқу Ватан хизмат кардаанд, ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Исрофил Бобомаликов 20 майи соли 1935 таваллуд шуда, ба синни мубораки 90 расидааст. Ӯ дар давраи фаъолияти худ аз соли 1971 то соли 1995 ҳамчун мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоии вилоят фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар рушди соҳа гузоштааст.
Исрофил Бобомаликов то ҳол дар хизмати халқу диёр қарор дошта, ҳамчун раиси кумитаи маҳалла фаъолият мебарад. Ӯ дар тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон саҳми назаррас дорад ва пайваста барои ободии маҳалла ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинон талош меварзад.
Раиси вилоят зимни мулоқот ба Исрофил Бобомаликов аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои пулию моддӣ тақдим намуд. Дар навбати худ, собиқадори меҳнат барои чунин қадрдонӣ ва ғамхориҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд