Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен

Кишоварзони ноҳияи Спитамен, ки аз минтақаҳои пахтакори вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, соли равон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, тухмиҳои ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ ва татбиқи босамари корҳои агротехникӣ ният доранд ҳосили фаровону босифат ба даст орад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз заминҳои кишоварзии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен текстайлз”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Куруш бо вазъи нашъунамои пахта шинос гардид. 

Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон аз ҷониби ин ширкат дар масоҳати 2200 гектар кишти пахта ба роҳ монда шуда, нашъунамои зироат қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Масъулони ширкат бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз тухмиҳои хушсифату ба маҳал мувофиқ истифода бурда, корҳои агротехникиро сари вақт иҷро намуда истодаанд.

Раиси вилоят таваҷҷуҳи кишоварзон ва масъулони мақомоти маҳаллиро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъминот бо оби полезӣ, истифодаи мақсадноки замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар парвариши пахта ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи нақша, имсол дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати умумии 6490 гектар кишти пунбадона ба роҳ монда мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо ҷараёни ҷамъоварии пилла ошноӣ пайдо кард. Зимни боздид ба кирмакпарварон, аз ҷумла хонаводаи Адҳам Саидолимов туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда шуд.

Таъкид гардид, ки кирмакпарварӣ барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ нақши муҳим мебозад ва имсол тибқи нақша дар ноҳияи Спитамен истеҳсоли 40 тонна пилла ба назар гирифта шудааст. 

Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки барои иҷрои пурраи нақша тадбирҳои заруриро андешанд ва ҷиҳати ташвиқи кирмакпарварон иқдомҳои ҳавасмандкунанда рӯи даст гирифта шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд