Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳои барӯманди шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли якчанд оилаи барӯманди шаҳри Хуҷанд хабар гирифта, онҳоро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд.

Раиси вилоят бо оилаҳои Усмоновҳо (Ҳалим Усмонов ва Муборак Усмонова), Абдуллоевҳо (Баҳодур Абдуллоев ва Ҳабиба Ҳакимова) ва Неъматовҳо (Ҷӯрабой Неъматов ва Биҳоҷал Раҳимова) мулоқот анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат таъкид дошт, ки оила пояи устувори ҷомеа ба шумор рафта, дар нигоҳдории арзишҳои инсонӣ, тарбияи фарзандон ва рушди иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад. Раиси вилоят ҳамчунин аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳифз ва пуштибонӣ мекунад.

Раиси вилоят нақши оилаҳоро дар тарбияи фарзандони солим муҳим арзёбӣ карда, ба хонаводаҳои намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Барои таваҷҷуҳи доимӣ аз ҷониби оилаҳои зикршуда ба роҳбарияти мамлакат изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд