Бунёди иншооти нави варзишӣ дар Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан ба рушди соҳаи варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. 

14 май бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода толори варзишӣ пас аз навсозиву таҷдид бо шароити муосир мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол варзишгарон ва сокинони шаҳр дар ин толори барҳаво ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз иншоот ба панҷ нафар ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд ва онҳоро ба иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани парчами кишвар ва муаррифии шоистаи миллат даъват кард.

Толори варзишӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Аловаддин Калонов дар масоҳати 1000 метри мураббаъ бунёд шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар он шароити муносиб барои варзишгарон ва сокинон фароҳам оварда шуда, ҳамзамон барои таъмини солимии аҳолӣ имкониятҳои васеъ пешбинӣ шудаанд. Тибқи иттилои масъулин, дар як вақт то 200 нафар метавонанд дар иншооти мазкур ба машқи варзиш машғул шаванд.

Таъкид шуд, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар саросари кишвар рӯ ба рушд оварда, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд. Ин дастовардҳо мояи ифтихори тамоми мардуми кишвар мебошанд.

Ифтитоҳи ин толор намунаи ибратбахши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ буда, масъулин изҳори умед карданд, ки дигар соҳибкорон ва сокинони фаъоли шаҳр низ дар роҳи ободонии Ватан саҳми шоиста мегузоранд.

Сипас, дар ҷамоати Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан низ толори нави варзишӣ ба истифода дода шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода зимни боздид аз иншооти нав ба корҳои ободониву созандагӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, баҳои баланд доданд.

Масъулин таъкид карданд, ки дар баробари дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва соҳибкорони саховатманд дар бунёди иншооти варзишӣ нақши босазо доранд. Ифтитоҳи чунин марказҳо имкон медиҳад, ки насли нав ба варзиш ҷалб гардида, ҷисману рӯҳан тарбия ёфта, дар оянда номи кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд бардоранд.

Раиси вилоят аз ташаббускорон барои саҳми арзандаашон дар ободии диёр изҳори сипос намуда, ин иқдомро намунаи амалӣ намудани сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки феълан дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд наздик 3 ҳазор иншооти варзишӣ мавҷуд аст, ки сокинон ба таври васеъ истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд