Дар шаҳри Истаравшан ба рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
14 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни сохтмони бинои нави корхонаи истеҳсоли мебели ҶДММ «Асри обод» шинос шуданд.
Тибқи иттилои масъулин корхона дар ҳолати феълӣ беш аз 30 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла мизу курсӣ, тахтаи дарзмолкунӣ ва мебел барои муассисаҳои таълимӣ истеҳсол мекунад.
Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз дастгирии давлат фаъолияти худро тавсеа бахшида, ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро афзоиш диҳад. Пас аз ба истифода додани бинои нав, шумораи навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 60 мерасад. Танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар «Асри обод» ба маблағи 212 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Раиси вилоят зимни боздид аз корхона иқдоми соҳибкоронро мусбат арзёбӣ намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва саҳмгузорӣ дар пешбурди соҳаи саноат дастуру маслиҳатҳои зарурӣ дод.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар шаҳри Истаравшан беш аз 100 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар чор моҳи соли равон 428,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёди зиёда аз 60 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна 12 ададӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Ҳамчунин, роҳбари вилоят аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти маишию техникии ҶДММ «Файзи нур» боздид ба амал оварда, барои истифодаи имконоти мавҷуда, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва анҷоми босифати сохтмон дар муҳлатҳои муқарраргардида тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.
Таъкид гардид, ки тибқи дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад ва соҳибкорону сармоягузорон дар таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар натиҷа, нишондиҳандаҳои рушди саноат сол ба сол афзоиш меёбанд ва заминаи мусоид барои пешрафти иқтисодии минтақа фароҳам меояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд