250 донишҷӯ ва магистранти болаёқат стипендияи Раиси вилояти Суғдро дарёфт намуданд

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими ботантанаи супоридани стипендияҳои Раиси вилоят барои соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид.

Ҳамоиш дар доираи моҳвораи ҷавонон сурат гирифта, дар он 250 нафар донишҷӯ, магистрант ва аспиранти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияро ба даст оварданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки соли 2024 шумораи стипендияҳо аз 130 ба 250 адад расонида шуда, ҳаҷми он низ як баробар афзудааст.

Дар суханронӣ зикр шуд, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда ва созандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди илму маърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши босазо доранд.

Раиси вилоят донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар заминаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” даъват намуда, аз онҳо хост, ки худшиносу ватандӯст ва дар муқовимат ба падидаҳои номатлуби ҷомеа фаъол бошанд.

Дар интиҳои суханронӣ Раиси вилоят ба ҷавонони лаёқатманд барои комёбиҳои минбаъда, саъю талошҳои пайваста ва саҳми арзанда дар рушди Ватани азиз комёбиҳои нав орзу намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилоят айни замон 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, зиёда аз 70 ҳазор нафар муҳассилин таҳсил мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд