Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Бӯстон ба рушди соҳаи саноат ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон" дар асоси супоришҳои Сарвари давлат тасмим гирифтанд, ки бо таъсиси корхонаҳои нав ба рушди иқтисодиёт ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат намоянд.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхона иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, истеҳсоли зарфҳо, лулаҳои гуногунҳаҷм, қисмҳои эҳтиётӣ, ноқилҳои барқӣ, дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла трансформаторҳо, инчунин маҳсулоти саноати хӯроквории паранда ба роҳ монда мешавад.
Раиси вилоят ташкили хатҳои нави истеҳсолиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои вусъатбахшии корҳо тавсияҳо дод.
Дар шаҳри Бӯстон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов корхонаи нави саноатӣ бунёд мегардад. Иншооти мазкур ба истеҳсоли хиштҳои газӣ ихтисос ёфта, бо истифода аз технологияҳои пешрафта, маҳсулоти босифати сохтмонӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос гардида, таъкид кард, ки бунёди чунин корхонаҳо барои таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аҳамияти калон дорад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона аз 40 то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди корхонаҳои гуногун идома дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд