Дар шаҳри Бӯстон корҳои навсозӣ ва таҷдиди меҳмонхонаи “Хуҷанд” идома дорад. Иншооти мазкур яке аз тарҳҳои муҳими ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти вилояти Суғд навсозӣ мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон бо рафти корҳои навсозӣ шинос гардид.
Меҳмонхонаи “Хуҷанд” аз 14 ошёна иборат буда, барои қабули наздик ба 300 нафар меҳмон дар як вақт пешбинӣ шудааст. Бино бо тарҳи муосир таҷдид гардида, ҳуҷраҳо ва утоқҳои корӣ ҷавобгӯ ба талаботи хизматрасонии байналмилалӣ таҷдид мешаванд.
Дар меҳмонхона тарабхона бо 200 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ (конфронс-зал) барои баргузории ҳамоишҳо ва чорабиниҳо, ҳавзҳои шиноварии болопӯшида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад. Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа — мутобиқсозии меҳмонхона ба меъёрҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонон мебошад.
Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба бо истифодаи масолеҳи босифат амалӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд