18 апрел дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор шуд ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2025 баррасӣ гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласа иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ таъмин гардид.
Сипас, муовини Раиси вилоят Файзулло Қосимӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2025 гузориш дод.
Таъкид гардид, ки дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8,4 млрд. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,3 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 108,7 ҳазор тонна орд, 2,3 ҳазор тонна равғани растанӣ, 12,2 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 120 фоиз, равғани растанӣ 134 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,5 фоиз таъмин гардидааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба миқдори 288,7 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш 127,6 фоизро ташкил додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 1242 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1204 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуда, дар корхонаю коргоҳҳои саноатӣ истеҳсоли 240 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 37 корхонаи нав бо 229 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 апрели соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,3 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят гузаронидани кишти баҳорӣ дар майдони 172 ҳазору 990 гектар замин пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дурнамои масоҳати кишти пахта 59 ҳазору 633 гектар ва картошка 18 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад.
Маъракаи кишти баҳорӣ босуръат идома дошта, то ин давра дар майдони 38 ҳазору 396 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 431,2 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 22,2 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 4,6 ҳазор тонна, моҳӣ 358,6 тонна, шир 81,4 ҳазор тонна, тухм 212,9 млн. дона ва пашм 217,7 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 117 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 122 фоиз, моҳӣ 100,5 фоиз, шир 103 фоиз, тухм 136,4 фоиз ва пашм 117 фоиз таъмин шудааст.
Ба ҳолати 17 апрели соли 2025 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 209 гектар боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 773 гектар гузаронида шуда, ба масоҳати 72 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 274,7 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар се моҳи соли 2025 ба 4,8 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 105,3 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 105,4 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба 920,4 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 127 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 621,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 93,7 млн. доллар зиёд шудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 298,5 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 102,5 млн. доллар ё 52,3 фоиз афзудааст.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 57,8 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли қаблӣ 5,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 35,8 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 22,0 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Дар натиҷаи таъмин гардидани нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои бахши воқеӣ ва зиёд шудани манбаъҳои андозбандӣ дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо ба буҷетҳои давлатию маҳаллӣ сари вақт ва барзиёд иҷро шуда, дар ин замина ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат амалӣ гардиданд.
Дар семоҳаи якуми соли 2025 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 104,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд. 457 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 64,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи воридоти андоз барои захираҳои табиӣ 112,0 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 106,7 фоиз, низоми содакардашудаи андозбандӣ 104,5 фоиз, андоз аз молу мулк 107,5 фоиз, андоз аз даромад 100,3 фоиз, аксизҳо 120,0 фоиз, боҷи давлатӣ 103,1 фоиз ва пардохтҳои дигари маҳаллӣ 145,4 фоиз барзиёд таъмин гардидааст.
Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 113 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 214,1 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 978,7 млн. сомонӣ 1 млрд. 48 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 7 фоиз ё 69,5 млн. сомонӣ зиёд аст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар се моҳи соли равон 903,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи даромадҳои воқеии буҷет маблағгузории соҳаҳо таъмин карда шуд.
Муовини Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занону оила, сайёҳӣ, фарҳанг, танзими ҷашну маросим, қабули шаҳрвандон маълумот дод.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо мавриди пурсиш қарор гирифтанд.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъмини рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти маҳсулот, сари вақт гузаронидани кишти зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти пахта ва картошка, нақшаи андозҳо, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба итмом расонидани сохтмони иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дод.
Дар охир ба ғолибони даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола" мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд