Боздиди Раиси вилоят аз Литсейи касбии агросаноатии ноҳияи Шаҳристон

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти омӯзишию истеҳсолии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии агросаноатии ноҳияи Шаҳристон шинос шуд. 

Литсей дорои 260 гектар замини обӣ ва лалмӣ буда, дар 25 гектари он кишти картошка ба роҳ монда мешавад. 

Муассисаи таълимӣ шароити хуби амалиро барои донишомӯзон муҳайё намудааст. Донишомӯзон бевосита дар парвариши ниҳолҳо, пайвандсозӣ ва коркарди меваю сабзавот иштирок намуда, раванди корро меомӯзанд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия, масъулини муассисаи таълимӣ ва кишоварзон барои истифодаи самараноки заминҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка, омода кардани мутахассисони ҷавон ва рушди дигар бахшҳои хоҷагии халқ дастурҳои мушаххас дод.

Дар охир роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф Абдуҳақим Абдулҷалилов ва Азим Қосимов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Номбаршудагон аз 40 то 50 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд