Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

8 апрели соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд. 

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии дар бо ташаббуси волидайни хонандагон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Майдонча барои бозии футбол пешбинӣ гардида, дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шуд. Иншооти варзишӣ ба маблағи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои ба варзиш машғул шудани наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо ҷавонон таъкид дошт, ки аз имкониятҳои муҳайёгардида самаранок истифода бурда, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим кӯшиш намоянд.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Рисолат Ҷӯрабоева хабар гирифта, ба ӯ кумакҳои моддӣ расонид. Мавсуф 87 сол дошта, 40 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд