Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

15 ноябри соли 2024 дар Қасри таърихии Арбоб ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, олимону аҳли зиё, вакилони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсиву ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғд табрик гуфта, иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи Президент пеш аз ҳама, баёнгари садоқат ва муҳаббати мардуми кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Қайд карда шуд, ки Рӯзи Президент ҳамасола ба рўзҳои таҷлили солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти амиқ ва дигаргуниҳои бунёдии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро ворид намуд, рост меояд. Воқеан, Иҷлосияи сарнавиштсози миллат ҳамчун рўйдоди бузурги таърихӣ аз он ҷиҳат барои мардуми тоҷик азизу муътабар аст, ки он на танҳо дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард, балки заминагузори ба арсаи сиёсат ворид шудани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Иҷлосия барои таҳким ва истиқрори комил ёфтани истиқлоли давлатӣ, ки ба гуфти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерўи тавонбахши ҳаёти ҷомеа мебошад”, асоси воқеӣ гузошт.

Гузашти солҳо собит сохт, ки халқи тоҷик бо дарки хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллат, зарурат ва аҳаммияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллат дар интихоби хеш ба иштибоҳ роҳ надод ва минбаъд тақдири Президенти Тоҷикистон бо тақдири халқу Ватан пайванд гардид. Ба ибораи дигар, дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки ҷони худро сипар намуда, талош намуданд, то ки давлату миллатро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва асоси давлати навини миллии тоҷиконро гузоранд.

Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон далели эътирофи хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат дар сарҷамъу муттаҳид намудани халқу миллат, таъмини суботу оромӣ, рушду шукуфоӣ ва ободию созандагӣ ба ҳисоб рафта, имрўзҳо хурду бузург, мақомоти давлатӣ, идораву муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, хулоса тамоми мардуми Тоҷикистон ин санаи фирўзро ботантана ҷашн мегиранд. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои ба ҳайси роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардидан бо шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд ва баъдан бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаву омўзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ гирифторшудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашиданд ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ хизмати софдилонаи шабонарўзӣ ба нафъи халқу ватан истиқлоли воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуданд.

Воқеан ҳам, истеъдоди фавқулоддаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кўшишу ғайрат, азму талоши Сарвари давлат барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рўзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисоду саноат, нигаҳдории тандурустӣ ва дар маҷмўъ барои баланд шудани сатҳи рўзгору некўаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад. 

Хизматҳои Президенти Тоҷикистон дар роҳи барқарор кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷўҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, рушди иқтисодии миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ натиҷаҳои босамар ба бор оварданд. Баҳри чунин хидматҳои шоиста ва беназир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони баланди «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва мақоми олии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» сазовор дониста шуданд, ки ин ҳам эътибору эътирофи иродаи озодонаи халқ мебошад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои муззами миллат на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақои имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста анҷом додаанд.

Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлоли воқеии давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат баръало зоҳир мегардад ва дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин таҷриба дар таърихи инсоният падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурў нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Эҳёи мактабу маориф ба хотири боло бурдани маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, рушди соҳаи тандурустӣ ва варзиш ба хотири насли солим ва миллати солим аз ибтикороти ҷиддии дигари Пешвои муаззами миллат мебошанд.

Саҳми Пешвои муаззами миллат дар самти истиқлоли фарҳангии тоҷикон низ хеле бузург мебошад. Бо мақсади бедор кардани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф карда шуд, инчунин ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили ҷашнҳои “Меҳргон”, “Сада”, Тиргон, “Шашмақом”, “Фалак”, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, эҳё гардиданд, ки барои шиносонидани ҷаҳониён бо таърихи тоҷикон аҳамияти хоса доранд. Гузашта аз ин, танҳо дар соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти калон дорад. 

Самти дигари фаъолияти Пешвои муаззами миллат дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон зоҳир мегардад ва таваҷҷўҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба ободкорию созандагӣ мардуми кишвари азизамонро ба ояндаи неку дурахшон эътимоду боварӣ мебахшад. 

Дар даврони роҳбарии Пешвои муаззами миллат шаҳру деҳоти Ватани маҳбубамон воқеан симои худро дигар карданд. Дар ин муддат ҳазорон иншооти бузургу корхонаҳо, роҳу нақбҳо, боғу қасрҳо, биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои «Кохи Наврўз», «Қасри миллат», «Китобхонаи миллӣ», «Наврўзгоҳ», «Боғи Ирам», «Осорхонаи миллӣ» ва ғайра иншооти беназири даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди нақбҳои бузурги “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, кашидани хатти барқи баландшиддати Ҷануб – Шимол, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар дохили вилоят, ки дар рўзҳои вазнинтарин мушкилоти сокинонро доир ба таъмини нерўи барқ бартараф намуданд, ташкили садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, сохтмони садҳо иншооти муҳимми иҷтимоӣ, хусусан, мактабу шифохонаҳо ва муассисаҳои дигари маориф ва тандурустиву фарҳанг, марказҳои муосири хизматрасонӣ ва ба ҳамин васила таъсис додани садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ саҳми назаррас доранд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва солҳои 2018-2018 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ мардуми кишвар маҳз ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва рисолати худро дар ҷаҳони муосир устувор намуда, бо ҳифзу ҳимояи ҳувияти миллӣ ва дастовардаҳои таърихии худ ҳамқадам ва ҳамрадифи мардуми олам гардидаанд. 

Мардуми мо таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона сўи қуллаҳои мурод ва амалӣ сохтани ормонҳои азалии худ қадам мезананд, зеро Пешвои муаззами мо воқеан ғамхори тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон ва камбизоатон буда, дасти кўмаку навозишашон пайваста бар сари онҳо мерасад, инсоне мебошанд, ки бо хоксорию фурўтанӣ ва дурандешию хирадмандӣ дар қалби ҳар як сокини Ватани маҳбубамон ҷой гирифтаанд.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги барномаи пурмуҳтавои консертӣ пешниҳод гардид ва санъаткорони номии вилояту ҷумҳурӣ сурудҳои ватандӯстона сароида, ба чорабинӣ шукуҳи хоса зам намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд