Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом

13 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом машварати корӣ доир намуд.

Дар машварати корӣ, ки бо ҳузури роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолони шаҳр баргузор шуд, масъалаҳои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ баррасӣ шуд. 

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ба масъалаи ҷамъоварии пахта ва иҷрои нақшаи пешбинишуда ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дода шуд. Тибқи нақша имсол бояд дар шаҳри Конибодом 12837 тонна пахта истеҳсол карда шавад ва нақша то имрӯз 57 фоиз иҷро шудааст. Бо назардошти ин, роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ, намояндагони вилоят, ки барои ҷамъоварии пахта ба шаҳри Конибодом вобаста шудаанд, вазифадор гардиданд, ки то санаи 1 декабр пахтаро пурра чида, нақшаи истеҳсолиро иҷро намоянд. Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ бояд ҳашарчиёну чинакчиён бештар ба саҳро сафарбар карда шаванд.

Дар назди роҳбарияти шаҳр ҳамзамон барои ба охир расонидани кишти тирамоҳии зироатҳо ва истифодаи самараноки замин вазифагузорӣ карда шуд.

Ба масъулин вобаста ба вусъатбахшии бунёдкориҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ҷалби сармоя, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таълиму тарбияи насли наврас, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дастурҳо дода шуд.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ Зарифҷон Шарифов ва собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Мавҷуда Зоирова хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои пуливу моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд