9 ноябр чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то мардум маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ намоянд.
Дар ярмарка-маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳафтаи сипаригардида арзонтар пешниҳод шуда, фаровонии маҳсулоти деҳқонон эҳсос мегардид.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳрҳои саноатӣ ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъанаа даромадааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд