Боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, боздид намуд. 

Бинои нави муассисаи таълимӣ барои 450 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 24 синфхонаи таълимии замонавӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 210 нафар ва толори варзишӣ мебошад. 

Масоҳати умумии иншоот 1,12 гектар буда, қитъаи замини зери сохтмон 2200 метри мураббаъро ташкил мекунад. 

Бинои таълимӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ КСМ “101” мебошанд. 

Корҳои сохтмонии бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, тибқи нақша моҳи ноябри соли 2024 ба анҷом расонида мешавад.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-уми шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар муассисаи мазкур 37 нафар омӯзгор фаъолият мебаранд.

Раиси вилоят ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои пурра омода намудани иншоот ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд