Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба оилаҳои ниёзманд ангишт тӯҳфа карда шуд.
Ба 40 оилаи ниёзманд 40 тонна ангишт, яъне ба миқдори 1 тоннагӣ ангишт барои зимистонгузаронӣ тақдим гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои эҳтиёҷманд ангиштро супорида, иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат оилаҳои ниёзмандро ҳамеша дастгирӣ карда, барои беҳтар гардидани шароити зисти онҳо пайваста ғамхорӣ менамояд.
Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо изҳори хушнудӣ аз дарёфти кӯмак миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд