Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сохтмони бинои прокуратура оғоз ёфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба сохтмони бинои маъмурии прокуратураи ноҳия санги асос гузошт. 

Бинои маъмурӣ, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд, аз 2 ошёна иборат аст ва дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ барои 50 нафар аст.

Масоҳати умумии иншоот 1156 метри мураббаъ буда, қитъаи замини зери сохтмон 312 метри мураббаъ мебошад.

Фармоишгари бинои мазкур Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ “Пастиғав”-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва лоиҳакаши он ҶДММ “Суғдшаҳрофар” мебошад.

Раиси вилоят ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои бо сифати баланд бунёд намудани бинои маъмурии прокуратураи ноҳия супоришҳо дод. 

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар маркази ноҳия бо корҳои сохтмонии маркази саломатӣ шинос гардид. Тавре маълумот дода шуд, иншооти тиббӣ аз ду ошёна иборат аст ва дорои 18 утоқи корӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино вазъи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд