Дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба бунёди бинои истиқоматии хизматӣ барои кормандон ва хизматчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои иҷтимоӣ оғоз бахшид. Иншоот дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз панҷ ошёна иборат аст ва барои 25 оила пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва пудратчӣ ҶДММ «Ситоиш» мебошад. Дар асоси лоиҳа масоҳати умумии бинои истиқоматӣ 2000 метри мураббаъ буда, масоҳати зери сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил мекунад.
Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилоят иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ диққати махсус зоҳир гардида, иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд гардид.
Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия вусъат ёфта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баистифодадиҳии 115 иншоот ба нақша гирифта шуда, 51 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Таъкид гардид, ки минбаъд низ барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд