Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хати оби полезӣ ба истифода супурда шуд.
Дарозии хати оби полезӣ 8,9 километрро ташкил дода, об аз мавзеи сойи Тагоб то мавзеи Қарғтудаи деҳаи Оббурдони деҳоти ба номи Иван-Тоҷик тавассути қубурҳои қутрааш 225 мм оварда шуд.
Хати оби полезӣ бо маблағгузории Агнетии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кашида шудааст.
Корҳои сохтмонии хати оби полезиро ҶДММ “Пастиғав”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба анҷом расонидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати оби полезӣ 50 гектар замини нав азхуд шуда, ҳолати обёрии зиёда аз 150 гектар замини корами ноҳия беҳтар мегардад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иброз дошт, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз кишоварзон даъват карда шуд, ки обу заминро самаранок истифода бурда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз пеш талош намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд