Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

18 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ дар деҳаи Оббурдони деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 800 метри мураббаъро (20х40 метр) ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сангинзода” ва лоиҳакаш КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.

Аснои суҳбат бо сокинон роҳбари вилоят таъкид кард, ки дар вилояти Суғд наздик 3000 иншооти варзишӣ мавҷуд буда, шаҳрвандон аз онҳо истифода мебаранд. Бунёди майдончаи варзишӣ дар деҳаи Оббурдон низ имконият медиҳад, ки ҷавонону наврасон бештар ба варзиш машғул шаванд.

Таъкид гардид, ки иншооти варзишӣ бояд самаранок истифода бурда шавад.

Ёдовар мешавем, дар 9 моҳи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоти Суғд 42 иншооти варзишӣ, аз ин 10 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 корти теннис ва 29 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорон мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд