15 октябр дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Сипас, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2024 муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода гузориш дод. Қайд гардид, ки давоми 9 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 20 миллиарду 360,7 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 113,5 фоиз таъмин гардид.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба миқдори 284,7 ҳазор тонна орд, 3493,6 тонна равғани растанӣ, 3976,7 тонна маҳсулоти макаронӣ, 33411,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 35196,7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14712,8 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 130,0 фоиз, равғани растанӣ 116,5 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 181,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 121,3 фоиз, консерваҳо 104,6 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 130,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба миқдори 1 миллиону 551,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиш 140,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ 1198 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1161 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят соли равон ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 9 моҳи соли 2024 дар миқёси вилоят 133 корхонаву коргоҳи нав бо 1939 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагии либоси миллию мактабӣ ва пойафзолдӯзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 10 корхонаю коргоҳи дӯзандагӣ бо 996 ҷойи нави корӣ ва 2 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 66 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Дар корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 178,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Илова бар ин ба маблағи 5,6 млн. сомонӣ либоси бачагона дӯхта шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра 989230 адад либоси мактабӣ ба маблағи 36,3 млн. сомонӣ дӯхта шудааст.
Дар вилоят 14 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 1170,9 ҳазор ҷуфт баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 773,8 ҳазор ҷуфт зиёд аст.
Шумораи корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ба 5 адад расида, дар шаҳрҳои Хуҷанд 2 корхона, Гулистон 2 корхона ва Бӯстон 1 корхона бо истеҳсоли доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш ва маводи антисептикӣ машғул ҳастанд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 дар ин корхонаҳо ба маблағи 1544,4 ҳазор сомонӣ 1971,9 ҳазор дона маҳсулоти доруворӣ истеҳсол карда шудааст.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 16 миллиарду 288 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282832,0 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 561544,3 тонна, аз ҷумла пиёз 192172,3 тонна, картошка 457006,3 тонна, полезӣ 220536,7 тонна, мевагиҳо 203671,0 тонна, аз ҷумла зардолу 142758,6 тонна, зироатҳои хӯроки чорво 338012,7 воҳиди хӯрока ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 106,4 фоиз, аз ҷумла пиёз 105,9 фоиз, картошка 109,5 фоиз, полезӣ 103,2 фоиз, мевагиҳо 101,9 фоиз, хӯроки чорво 105,5 фоизро ташкил намудааст.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 53984,2 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 13786,3 тонна, моҳӣ 595,6 тонна, шир 219799,8 тонна, тухм 558,2 млн. дона, асал 1530,2 тонна ва пашм 1594,9 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши гӯшти чорвою паранда 112,6 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 100,0 фоиз, моҳӣ 100,1 фоиз, шир 107,2 фоиз, тухм 100,4 фоиз, асал 102,9 фоиз ва пашм 103,0 фоиз таъмин шудааст.
Тибқи ҳисоботи фаврӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 166 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки аз он 23 гектар боғи интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 903 гектар гузаронида шудааст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 39 маротиба ярмарка гузаронида, дар маҷмӯъ, ба миқдори 6911,5 тонна маҳсулот, аз ҷумла 878,5 тонна орд, 340,0 тонна равғани растанӣ, 230,3 тонна гӯшти чорвою паранда, 142,8 тонна шакар, 155,4 тонна биринҷ, 1382,6 тонна картошка, 822,9 тонна сабзӣ, 1009,6 тонна бехпиёз, 723,1 тонна сабзавоти гуногун, 554,0 тонна меваҳои гуногун, 124,1 тонна, консерва ва обҳои ташнагишикан, 2407,0 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 1303,3 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,2 баробар зиёд аст. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 2005,2 млн. сомонӣ азхуд карда шудааст,
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3061 иншоот ва аз оғози маъракаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7913 иншшоти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди таҷдиду тармим қарор гирифта, нақшаи пешбинишуда 65,9 фоиз иҷро шудааст.
Дар соли 2024 таъмиру тармими 2077 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шуда, 2166,4 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 483,4 км таъмири асосӣ, 915,6 км таъмири ҷорӣ ва 767,4 км шағалпӯш мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2024 ба 14 млрд. 213,4 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 109,0 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба 2 млрд. 276,5 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 111,4 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1 млрд. 616,0 млн. долларро ташкил дода, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 660,5 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш 115,9 фоиз таъмин гардидааст.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 109,3 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 86,5 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 22,8 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар вилоят 19 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба амалисозии лоиҳаҳо 13,7 млн. доллар равона гардида, аз аввали татбиқи лоиҳаҳо 244,3 млн. доллар сармоягузориҳо аз худ карда шудааст.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 9 моҳи соли 2024 ба андозаи 103,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3614,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 108,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Нақшаи воридоти андоз аз даромади шахсони воқеӣ 109,7 фоиз ё 87,9 млн. сомонӣ барзиёд, андоз аз арзиши иловашуда 106,4 фоиз ё 31,4 млн. сомонӣ, аксизҳо 105,1 фоиз ё 3,0 млн. сомонӣ, андоз аз истифода захираҳои табиӣ 120,4 фоиз ё 104,5 млн. сомонӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул 104,8 фоиз ё 12,4 млн. сомонӣ, низомҳои соддакардашудаи андозбандӣ 104,7 фоиз ё 11,9 млн. сомонӣ, боҷи давлатӣ 101,4 фоиз ё 633,0 ҳазор сомонӣ ва пардохтҳои дигари маҳаллӣ 111,6 фоиз ё 1,98 млн. сомонӣ барзиёд таъмин гардидааст.
Дар 9 моҳи соли 2024 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 869,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 916,6 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 105,4 фоизи нақша мебошад.
Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 105,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 552,95 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи нӯҳмоҳа 28,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар 9 моҳи соли 2024 ба буҷети маҳаллии вилоят 2477,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 125,75 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 105,3 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2366,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2323,7 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 98,2 фоизи нақша мебошад.
Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар гардида, ба соҳаҳои маориф 1162,4 млн. сомонӣ, тандурустӣ 574,5 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 18,0 млн. сомонӣ, фарҳангу варзиш 219,6 млн. сомонӣ, дар маҷмўъ, 1974,5 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 85,0 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Муовини Раиси вилоят ҳамзамон вобаста ба ҳолат ва рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила маълумот дод.
Дар ҷаласа инчунин ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ ва Гулистон шунида шуд.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи истеҳсоли пахта, таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки замин ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи ғизоӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, бунёд, таъмиру бозсозии иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шарафманди вилоят минбаъд низ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд