3 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ омада, дар деҳаи Искодар бо рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли равон бар асари омадани сел дар деҳаи Искодар чандин манзили зисти шаҳрвандон пурра ва қисман хароб гардида буд. Аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ раванди бартарафкунии оқибати он ва таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои нав таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо дастури махсуси Сарвари давлат барои сокинони зарардида дар мавзеи бехавфи дашти Искодар замин ҷудо гардида, барои 15 оила сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ гардид.
Кӯмакҳои Президенти мамлакат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, арматура, хишти пухта, қуму шағал ва маводи хӯрока дастрас гардида, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ оғоз ёфта буд, ки айни ҳол дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва ташкилоту идораҳои дахлдор барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани корҳо ва таъмини хонаҳои истиқоматӣ бо ашёи зарурӣ супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд