Хабаргирӣ аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф хабар гирифта, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим кард.

Раиси вилоят дар шаҳри Хуҷанд ба дидорбинии Қутфӣ Зокирова ва Саодат Сафарова, дар шаҳри Бӯстон ба дидорбинии Мавзуна Исмоилова ва Фароғат Нурҷонова ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дидорбинии Ҳоҷихӯҷа Искандаров омада, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно намуд. 

Қайд карда шуд, ки ин шахсиятҳо умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшида, барои рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд. 

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз хизматҳои шоистаи собиқадорони соҳаи маориф онҳоро ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният намуд. 

Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад ва заҳмати машъалафрӯзони роҳи фардои миллат аз ҷониби давлат ҳамеша қадр карда мешавад. 

Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф буда, рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст. Бо назардошти ин, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон музди маоши омӯзгоронро марҳила ба марҳила зиёд намуда, баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии омӯзгорон тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. 

Собиқадорони меҳнат аз дастгириҳои доимӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории самимонаи худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд