Истифодаи самараноки замин талаботи рӯз аст

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Маъмурҷон С” шинос гардида, бо кишоварзон суҳбат анҷом дод.

Хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Куҳандижи Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” ҷойгир буда, 2,56 гектар замин дорад.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар 0,5 гектар замин пиёз кишт намуда, ҳосили худро ҷамъоварӣ намуда истодаанд. 

Раиси вилоят зимни суҳбат бо деҳқонон барои истифодаи самараноки замин, гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои холишуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дар маҷмӯъ таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд