18 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо сохтмони корхонаи "Адл+" шинос шуд.
Корхонаи мазкур дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл», ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва чанд намуди дучарха машғул аст, сохта шуда, дар он истеҳсоли мебелҳои гуногун барои кӯдакон ба роҳ монда мешавад. Барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда шуда, васлу насби онҳо идома дорад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адл" бошад истеҳсоли 5 намуди дучархаро ба роҳ монда шуда, баъди ба фаъолият оғоз намудани хатти нави рангуборкунии маҳсулоти истеҳсолшаванда беш аз 30 нафар бо кор таъмин мешаванд.
Бояд гуфт, ки қаблан дар ин корхона чанд номгӯи бозичаҳои кӯдакона истеҳсол мегардид ва имрӯз истеҳсоли 35 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят барои омода намудани корхонаи нави мебелбарорӣ, ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд