Мактаб-интернат барои ятимону бепарасторон дар шаҳри Истаравшан соҳиби бинои нав мегардад

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони бинои нави Мактаб-интернат барои ятимону бепарасторон дар шаҳри Истаравшан шинос гардид. 

Бинои нави Мактаб-интернат барои ятимону бепарасторон дар шаҳри Истаравшан дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешавад. 

Бинои нав ба ҷойи бинои фарсудае, ки солҳои 1956-1957 сохта шуда буд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва соҳибкорони бонангу номус сохта шуда истодааст. Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, аз 22 синфхона, утоқи маъмурӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, хобгоҳ, толори варзишӣ иборат мебошад. 

Дар мактаб-интернат 113 нафар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва дигар масъулон барои муҷаҳҳазсозии бинои нав, хобгоҳу толори варзишӣ, ба охир расонидани корҳо, ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди иншоот супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд