Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Зафаробод

17 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.

Раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии «Хушекат» ва «Панҷшер»-и ноҳия ғунучини ҳосилро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, якҷо бо чинакчиён дар ҷамъоварии ҳосил ёрӣ расонид.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Хушекат» соли 1999 таъсис ёфта, дорои 8 гектар замин аст, ки дар 4 гектари он пахта кишт шудааст. Дар хоҷагии деҳқонии «Панҷшер» бошад 6 гектар пахта кишт гардида, айни замон ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон иброз дошт, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ карда, нақшаи истеҳсолиро пурра иҷро намоянд. Ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, ки корҳоро тақвият бахшида, бо ҷалби саҳмдорону ҳашарчиён нақшаи истеҳсоли пахтаро таъмин созанд.

Таъкид карда шуд, ки соли равон дар ноҳия 11 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва бояд пахтакорон беш аз 36 ҳазор тонна «тиллои сафед» истеҳсол кунанд. Имкониятҳо барои иҷрои нақша мавҷуд буда, танҳо зарур аст, ки корҳои ташкилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят сипас ба чинакчиёни беҳтарини хоҷагиҳои деҳқонӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида, барои меҳнати фидокоронаашон изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд