Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти нуқтаи захираи пиёзи ҶДММ «Мирҷалол» шинос гардид.
Корхонаи мавсимӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар замин таъсис дода шуда, аз ду қитъа иборат мебошад, ки яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар ин корхонаи мавсимӣ асосан пиёз бо усули муосир тоза ва коркард карда шуда, барои фурӯш ва содирот пешниҳод мегардад.
Дар давраи коркарди пиёз, ки 2 моҳ идома мекунад, беш аз 500 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону кишоварзони ноҳия дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ беш аз 60 000 тонна пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот кардаанд. Ҳамчунин барои зимистонгузаронӣ дар анборҳои корхонаи мазкур 1000 тонна пиёз ҳамчун захира нигоҳ дошта мешавад.
Дар идома роҳбари вилоят аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой боздид кард. Муассисаи таълимӣ аз соли 1928 то инҷониб фаъолият дорад ва дар он 44 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба кору фаъолият дошта, ба 940 нафар толибилм дар ду баст таълим медиҳанд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону саховатмандони деҳа дар муассиса ошхонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Ошхона бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардида, дар як вақт ба 70 хонандаи синфҳои 1-4 хизмат мерасонад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва онҳое, ки дар бунёди ошхона барои хонандагон саҳм гузоштаанд, изҳори сипос кард.
Сипас, роҳбари вилоят дар деҳаи Заркори деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи А.Алиев оғоз бахшид. Дарозии роҳи мумфаршшаванда зиёда аз 700 метр ва паҳнои он 5 метрро ташкил медиҳад.
Роҳи кӯчаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии шахсони саховатпеша ва сокинони маҳаллию соҳибкорон мумфарш карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят аз ҳоил собиқадори меҳнат Турсинбӣ Отабоева хабар гирифта, ба ӯ кӯмаки моддӣ расонид. Номбурда 10 июни соли 1949 дар деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна фаъолияти меҳнатии худро дар собиқ колхози ба номи Абдуғафур Самадов ба ҳайси колхозчӣ оғоз намуда, 42 сол дар колхози номбурда кор кардааст.