Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Саидқалъаи ноҳияи Спитамен мумфаршкунии роҳҳо идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябр ба деҳаи Саидқалъа омада, бо сокинони бунёдкори он суҳбати самимӣ анҷом дод.
Аснои суҳбат қайд карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, шаҳрвандон барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда истодаанд.
Дар зимн ба ташаббускории сокинони деҳаи Садиқалъа, ки бо аҳлона то имрӯз 8 км роҳро мумфарш намудаанд, баҳои баланд дода шуд.
Раиси вилоят аз сокинон даъват кард, ки дар оянда низ чунин корҳои хайру савобро анҷом дода, барои ободонии маҳал саҳмгузор бошанд
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд