Дар ноҳияи Спитамен ҷамъоварии пахта оғоз ёфта, кишоварзон то имрӯз 895 тонна «тиллои сафед»-ро ба хирман супоридаанд. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти ҷамъоварии пахта дар хоҷагии деҳқонии «Оқтеппа»-и ноҳия иттилоъ дода шуд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Оқтеппа» 12 гектар пахта кишт шуда, заркорон ният доранд, ки соли ҷорӣ 60 тонна ҳосил ба даст оранд. Аснои суҳбат бо роҳбари вилоят кишоварзон маълумот доданд, ки 15 сентябр чиниши пахта оғоз ёфта, саҳмдорон бо ёрии ҳашарчиён ҳосилро ҷамъоварӣ менамоянд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои ҷамъоварии ҳосил аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, барои чинакчиёну ҳашарчиён шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Дар ноҳияи Спитамен 5657 гектар пахта кишт шудааст ва тибқи нақша бояд 16225 тонна пахта истеҳсол карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд